9 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти раҳбарии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Покистон Амҷад Ҳусейн Сиал баргузор шуд.
Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, энергетикӣ, иртиботи нақлиётӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ карданд. Дар ин росто ба рафти иҷрои тавофуқоте, ки дар натиҷаи мулоқоти роҳбарони ду кишвар моҳи ноябри соли 2015 дар Исломобод ҳосил шуданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҷиҳати тақвияти ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор, барқарор намудани робитаҳои фаъол байни соҳибкорон ва доираҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Покистон ва инчунин тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф иқдомҳои муштарак ҳамоҳанг карда шуданд.
Бо дарназардошти сатҳи баланди ҳамкориҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон, дар атрофи масъалаҳои мубрами минтақа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои самарабахш дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амнияти миллӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.
Дар натиҷаи машваратҳо омодагии ҳарду ҷониб ба тавсеаи беш аз пеши робитаҳои сиёсӣ, аз он ҷумла дар сатҳҳои олию баланд ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид гардид.
