10 феврали соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳидает Бишчевичро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳо, аз қабили равандҳои муҳимми ҳамкорӣ, омадагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, мавзӯҳои мубрами минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.