29 – 31 майи соли 2023 дар ноҳияи Сариоғош ва шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи сафари ҳунарии Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ” - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консертҳои тантанавӣ бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Сафорат ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷкистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ҳокимияти вилояти Туркистон ва ноҳияи Сариоғош, аҳли фарҳанг ва тоҷикони муқими вилояти мазкур ширкат намуданд.