11 феврали соли 2016 вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ишонқули Аманлиев доир гардид.
Зимни мулоқот масоили омодагӣ ба сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеи масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.