11 феврали соли 2016 муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бираҷа Прасадро бо хоҳиши ӯ қабул намуд.
Дар рафти вохӯрӣ мавриди суҳбати ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай қарор гирифтанд.