Ташаббуси глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки дар иҷлосияи 77-уми МУ СММ қабул гардид, имрӯзҳо дар маърази таваҷҷуҳи доираҳои илмиву пажӯҳишии кишварҳои Аврупо қарор дошта, олимону пиряхшиносон бо инобати паёмади обшавии босуръати пиряхҳо дар андешаи ҳамкориҳои муштарак бо мақсади таҳқиқи ин раванд мебошанд.
Ин мавзӯъ 1 июни соли 2023 зимни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо олимону пиряхшиносони пажӯҳишгоҳҳои маъруфи Конфедератсияи Швейтсария матраҳ гардид, ки ният доранд бо анҷом додани як пажӯҳиши мукаммал равандҳо ва омилҳои обшавии пиряхҳо ва таъсири эҳтимолии ин зуҳуроти номатлубро дар мисоли пиряхҳои Тоҷикистон таҳқиқ намоянд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар робита ба таҷлили Соли байналмилалии пиряхҳо дар соли 2025 ва омодагии Тоҷикистон ба Конфронси сатҳи байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо иқдоми пиряхшиносони швейтсариягӣ ва натиҷаи тадқиқотро муҳим арзёбӣ намуд. Вазири корҳои хориҷӣ бо назардошти аҳамияти ҳифзи пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ барои тамоми минтақа омодагии кишварро барои густариши ҳамкориҳои илмиву пажӯҳишии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария иброз дошт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan