15-17 феврали соли 2016 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки 16 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Брюссел баргузор мегардад, ба Шоҳигарии Белгия сафар намуд.
Дар рафти ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо суханронии Вазири корҳои хориҷӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар он мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо инъикос хоҳад ёфт.
Зимни сафар инчунин як зумра вохӯриҳои дуҷонибаи С.Аслов дар назар гирифта шудааст.