16 феврали соли 2016 дар қароргоҳи Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ дар шаҳри Брюссел мулоқоти хосаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Федерика Могеринӣ баргузор гардид.
Меҳвари асосии мулоқот муҳокимаи масъалаҳои ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди Аврупо, аз қабили мавзӯи амният, иқтисодиёт, ҳуқуқи инсон ва Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказиро дар бар гирифта, илова бар ин ҷонибҳо дар мавзӯи вазъи амният дар Афғонистон ва ҳамкориҳои судманд дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд. Инчунин дар рафти вохӯрӣ бо Ф.Могеринӣ доир ба Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 маълумот манзур гардид.
Мубодилаи афкор доир ба натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Ҷонибҳо манфиатдории хешро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо иброз намуданд.