3 марти 2016 вохӯрии Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо кишварҳои узви Ҷомеаи Рушди Африкаи Ҷанубӣ (Southern African Development Community) таҳти раёсати Намояндаи доимии Ботсвана дар СММ барпо шуд.
Зимни вохӯрӣ Намояндаи доимӣ ба ҳозирин оид ба дастовардҳои кишвар дар татбиқи рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор, аз ҷумла дар самтҳои иқтисодӣ, баробарии гендерӣ, мубориза бо маводи мухаддир, рафъи оқибатҳои табиӣ, ташаббусҳои нави Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи мудирияти захираҳои обӣ, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди Устувор” маълумот дод.
Дар анҷоми вохӯрӣ аз кишварҳои узви Ҷомеаи Рушди Африкаи Ҷанубӣ даъват ба амал оварда шуд, ки номзадии Тоҷикистонро дар Шӯрои СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ECOSOC) барои солҳои 2017-2019 дар интихоботе, ки 14 июни 2016 дар Маҷмаи Умумии СММ баргузор мегардад, дастгирӣ намоянд.