1 марти соли 2016 бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди шӯъбаи “Омӯзиши Осиёи Марказӣ”-и факултети “Омӯзиши масоили байналмилалӣ”-и Донишгоҳи Кангнами шаҳри Ёнгини Ҷумҳурии Корея бахши омӯзиши забони тоҷикӣ ифтитоҳ гардид.
Роҳбарии бахши забони тоҷикиро профессор Фил Ким бар ӯҳда дошта, дар басти аввал 12 донишҷӯёни кореягӣ ба омӯзиши забони тоҷикӣ фаро гирифта шудаанд.
Соли аввали таҳсил донишҷӯён асосҳои забони тоҷикиро омӯхта, соли дуюм омӯзиши таъриху фарҳанги Тоҷикистон низ ба нақша гирифта шудааст.