7 марти 2016 дар пойтахти Индонезия - шаҳри Ҷакарта Саммити панҷуми фавқулодаи Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) оид ба масъалаи Фаластин ва Қудси Шариф баргузор гардид. Роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар Саммит Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов аз номи Ҳукумати кишвар суханронӣ карда, мавқеи Тоҷикистонро оид ба ин қазияи меҳварии СҲИ иброз намуд.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз талошҳои роҳбарияти Фаластин ва мардуми он ҷиҳати ноилшавӣ ба эътирофи байналмилалӣ пуштибонӣ карда, ба азсаргирии музокироти сулҳҷӯёнаи тарафҳои низоъ дар ҷаҳорчӯби абзорҳои байналмилалӣ, ҷустуҷӯи ҳалли одилона ва устувори масъала даъват ба амал овард.
Дар поёни Саммит эъломия ва қатъномаи Ҷакарта доир ба Фаластин ва Қудси Шариф қабул гардид.
Дар ҳошияи Саммити мазкур мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Вазири корҳои хориҷии Малайзия Датук Сери Анифаҳ Ҳоҷӣ Аман доир гардид.
Ҷонибҳо масоили муносибатҳои дуҷонибаро, аз ҷумла раванди татбиқи тавофуқот ва созишҳое, ки қаблан зимни сафарҳои расмии ҳайатҳои сатҳи олӣ ва баланди ду кишвар ба даст омадаанд, баррасӣ намуда, дар мавриди вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар ҳошияи СММ ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.