15 августи соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Куба (бо қароргоҳ дар Остона) Оскар Сантана Леонро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои раванди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба нишасти роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Гуруҳи 77+ Чин дар Куба мубодилаи афкор намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan