7 марти соли 2016 мулоқоти Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулғафур Орзу ва Муовини Сардори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маргус Солнсон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ даъватномаи муштараки Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар сатҳи вазирон, ки дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар ш.Брюссел дар назар аст, супорида шуд. Конфронси мазкур масъалаҳои кумаки ҷомеаи ҷаҳониро ба Афғонистон ҷиҳати бунёди ҷомеаи пешрафта ва аз лиҳози иқтисодӣ худкифо баррасӣ хоҳад кард. Даъватномаи мазкур бо арзи сипос қабул карда шуд.