Барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ҳаити

10.03.2016 15:18

9 марти соли 2016 дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар ш.Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳаити баргузор гардид.

Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Ҷумҳурии Ҳаити Намояндаи кишвари мазкур дар СММ Денис Регис ба имзо расониданд.

Барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ҳаити

Барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ҳаити

 

Нигористон

Тақвим