10 марти соли 2016 маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъини ҳашт давлати хориҷӣ ба Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ баргузор гардид.
Нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус Олег Иванов, Шоҳигарии Шветсия Ингрид Терсман, Маҷористон Андраш Барани, Ҷумҳурии Юнон Данаи-Магдалина Куманаку, Ҷумҳурии Ирландия Эдриан Макдэйд, Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Клаудио Раҷа Габаглия Линс, Бруней-Доруссалом Ҳоҷӣ Маҳади Майдин ва Сафири Ҷумҳурии Того Оуро Сама Муҳаммад Сад супориданд.
Пас аз маросим мулоқотҳои дуҷонибаи Низомиддин Зоҳидӣ бо сафирони навтаъин доир гардид, ки зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини якуми вазир сафиронро бинобар ба ин вазифа таъин шуданашон табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиашон комёбиҳо таманно намуд.