16 марти соли 2016 вохӯрии Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Намояндаи муваққатии минтақавии Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ Элизабет да Кошта баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо рӯи масоили ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ, таъмини ҳимоя ва риояи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ, инунин омодагии кишвар барои баррасии Ҳисоботи дуюми даврии универсалӣ дар Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ ибрози назар карданд. Ҷонибҳо ба аҳамияти таҳкими ҳамкориҳо дар ҳифз ва риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар таъкид карданд.