Рӯзҳои 15-16 сентябри соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим дар Саммити сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои Гурӯҳи 77 ва Чин оид ба масъалаҳои ҷории рушд: нақши илм, технология ва навоварӣ дар шаҳри Ҳаванаи Куба ширкат варзид.
Аснои чорабинӣ мушкилоти асосӣ дар самти рушди устувор, бахусус нақши илм, технология ва навоварӣ дар амри таъмини амнияти озуқаворӣ, саломатӣ, равандҳои нави истеҳсолӣ, некӯаҳволии инсон ва муҳити солим мавриди муҳокима ва таҳлил қарор гирифта, ҳайатҳои кишварҳои Гурӯҳи 77 ва Чин дар мавриди мавзуоти баррасишаванда табодули афкор намуданд.
Зимни суханронии муовини вазир зарурати тақвияти иқтидори технологӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ таъкид гардида, аҳаммияти рушди илму техника ва бартараф намудани мушкилот дар соҳаи ривоҷи инноватсионӣ дар сиёсати кишвари мо дарҷ гардид.
Ҳамоиш дар фазои дӯстона барпо шуд ва дар фарҷоми он “Эъломия Ҳавана” қабул гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan