Вохӯрӣ бо ноиби Президенти ширкати давлатии «Биокубафарма»

20.09.2023 11:26

16 сентябри соли 2023 дар ҳошияи Саммити сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Гурӯҳи 77 ва Чин дар Гавана муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо ноиби Президенти корпоратсияи давлатии “Биокубафарма” Эулоҳио Пиментел Васкес мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Куба дар самти навоварӣ, тадқиқоти маҳсулоти фарматсевтӣ ва табодули дастгоҳҳои баландсифати ташхисӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Гурӯҳи биотехнологӣ ва истеҳсолкунандаи маводҳои фарматсевтии «Биокубафарма» дар асоси дастовардҳои илмӣ ва фанновариҳои муосир ба тавлиди маводҳои доруворӣ, коркарди усулҳои нави ташхис, истеҳсоли таҷҳизоти замонавӣ ва ғизои баландсифат машғул аст.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим