Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Кипр

23.09.2023 11:10

22 сентябри соли 2023 дар ш. Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбос баргузор гардид.

Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Кипр мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ ҳамчунин Ёддошти тафоҳумро оид ба машваратҳои дуҷониба байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ба имзо расониданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим