Таҷлили Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ дар Вазорат

05.10.2023 08:20

 

4 октябри соли 2023 дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Вазорат  маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони хизмати  дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати иди касбӣ табрику таҳният гуфт. Ӯ хотиррасон кард, ки 29 сентябри соли 1993 дар таърихи муосири сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи воқеан муҳим ба шумор меравад. Дар ин рӯзи хотирмон аввалин маротиба аз минбари Созмони Милали Муттаҳид нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид.

С. Муҳриддин ҳамчунин қайд намуд: “хушбахтона дар ин марҳилаи сипаришуда ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумҳурии мо муяссар гардид, ки бо дипломатияи хосси худ, ки ба ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ба ҳайси як кишвари фаъол, ташаббускор ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ эътироф гардад ва махсусан дар ин замони пур аз тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ, мо дар масири татбиқи сиёсати хориҷии муайянкардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд пеш аз ҳама ҳифзи дастовардҳо ва арзишҳои давлатдории миллиамонро таҳким бахшида, ҳамеша баҳри суботи пойдори кишвар ва оромии ҷомеа саъйю кӯшиш намоем”.

Дар идома роҳбари мақоми пешбарандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои дипломатияи тоҷик ва ташаббусҳои ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора намуд. “Масъалаҳои беҳтар намудани дастрасии аҳолии ҷаҳон ба оби ошомиданӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об, мудирияти ҳамгироёнаи он ва дигар масъалаҳои марбут ба обу иқлим ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардиданд, ки ба унвони дастовардҳои муҳим ва талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чанд соли охир ба шумор мераванд. Аз он ҷумла, татбиқи ташаббусҳои “Соли оби тоза”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз он иқдомҳоеанд, ки аҳамияти глобалӣ доранд”, - қайд намуд вазир.

Сипас, бахшида ба ин рӯз як қатор кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва муассисаҳои хориҷӣ бо ифтихорномаҳо, медали хизмати шоистаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва мансабу рутбаҳои дипломатӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим