Мулоқот бо роҳбари Сарраёсати иқомат ва кор бо шаҳрвандони хориҷии Дубай

12.10.2023 14:51

12.10.2023.14.50.jpg

11 октябри соли 2023 вохӯрии консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай Диловар Баҳромзода бо роҳбари Сарраёсати иқомат ва кор бо шаҳрвандони хориҷии Дубай генерал-лейтенант Муҳаммад Аҳмад ал-Маррӣ баргузор гардид.

Ҳангоми мулоқот раванди хизматрасонии муҳоҷирои ва тартиби таҳияи раводид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.

Ҷонибҳо вобаста ба сатҳи кунунии ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим