18 октябри соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи роҳбари навтаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Артур ван Дизенро қабул кард.
Пас аз анҷоми маросим ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ, аз ҷумла раванди татбиқи Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои солҳои 2023-2026 ва Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устуворро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan