Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ

19.10.2023 10:55

 

18 октябри соли 2023 ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Ҳайати мушовара - Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, аъзои Ҳайати мушовара ва сардорони воҳидҳои сохтории Вазорат баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур фаъолияти Вазорат дар нуҳ моҳи соли 2023 ҷамъбаст гардида, нақшаҳои минбаъда барои семоҳаи чоруми соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз натиҷаи ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор роҷеъ ба масоили муҳокимашуда қабул гардид.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим