23 октябри соли 2023 дар Люксембург дар ҳошияи Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Петер Сийярто мулоқот намуд.
Зимни мулоқот перомуни масоили умдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Маҷористон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, маориф, ҳифзи муҳити зист ва энергетика гуфтугӯ сурат гирифта, зарурати тақвияти заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ миёни ду кишвар таъкид гардид.
Дар фарҷоми мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ ҳамчунин Ёддошти тафоҳумро оид ба ҳамкорӣ дар доираи Барномаи бурсиявии Маҷористон барои солҳои 2023 – 2025 ба имзо расониданд. Санади мазкур барои мубодилаи донишҷуён ва муҳасилини макотиби олӣ, инчунин таҳсили ройгони онҳо дар донишгоҳҳои Маҷористон шароит фароҳам меорад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар