29 марти соли 2016 бо ташаббуси сафоратҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон ва Қазоқистон, дар иқоматгоҳи Комиссияи СММ оид ба соҳаи маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) зиёфати мӯҳташам бо даъвати ҳайати дипломатии муқими ш. Париж, шаҳрвандони Франсия ва хориҷиён баргузор гардид. Даъватшудагон имкон доштанд, ки бо таомҳои миллии кишварҳои таҷлилгари Наврӯз ошно гардида, бо расму русуми наврӯзӣ тавассути филмҳои мустанад дар бораи таҷлили Наврӯз дар ҳар як кишварҳои мазкур шинос шаванд.
Илова бар ин, Сафорати Тоҷикистон мизи миллиро бо унсурҳои ҳафтсину ҳафтшин ҳамроҳ бо ашёи хосси миллии тоҷикӣ ороста, ҳамзамон китобҳо ва руқъаҳо оид ба Тоҷикистон ба хотири муаррифии бештари кишварамон ба маъраз гузошта шуданд.