6 ноябри соли 2023 дар шаҳри Инчон ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанони муқими ин минтақа чорабинии идона баргузор гардид.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром ҷамъомадагонро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрик гуфта, роҷеъ ба аҳаммияти Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон ва заҳмату талошҳои Асосгузори cулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди кишвар ва соҳиби мавқеъ ва ҷойгоҳи шоиста шудан дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan