Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Молдова 26 январи соли 1993 барқарор шудаанд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова бо қароргоҳ дар шаҳри Киев Назризода Давлаталӣ Ҳайдар мебошад.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Молдова дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Москва Лилиан Дарий мебошад.
Аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ, робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Молдова тибқи нишондодҳои ҳамкориҳои ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дар давраи пасошӯравӣ рушд ёфтанд.
Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии равобити дуҷониба аз 20 санади танзимкунандаи ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодии кишварҳо иборат аст.
Заимнаи рушди ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдоваро Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ки 7 ноябри соли 2002 ба имзо расидааст, ташкил менамояд.
Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд роҳандозӣ мешаванд.
Моҳи ноябри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Молдова бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар фарҷоми сафар санадҳои дорои хусусияти байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расиданд, ки барои роҳандозии ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳо замина ба ҳисоб мераванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нишастҳои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ бо раҳбарони Ҷумҳурии Молдова як қатор мулоқотҳои дуҷониба дошт, ки дар ҷараёни онҳо ҷанбаҳои гуногуни фаъолгардонии ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Моҳи сентябри соли 2018 вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Молдова, ки барои иштирок ба нишасти сарони давлатҳои ИДМ ба Душанбе омада буд, баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҳавасмандии ҷонибҳо ба роҳандозии муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, кишоварзӣ, нақлиёт, маориф ва сайёҳӣ изҳор гардид.
Моҳи октябри соли 2019 дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар Ашхобод мулоқоти дуҷонибаи сарони давлатҳо баргузор шуд. Мавзуи аслии гуфтугӯи ҷонибҳо иқтисод ва равобити тиҷории Тоҷикистону Молдова ба ҳисоб мерафт. Зимни мулоқот ҳавасмандӣ ҷиҳати афзоиши ҳаҷми муомилот ва ба роҳ мондани содироти меваи хушк ва асал ба Молдова, рушди муштараки чорводорӣ, ветеринарӣ ва табодули таҷриба дар соҳаи парвариши ангур изҳор гардид.
26 январи соли 2023 кишварҳо 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатиро ҷашн гирифтанд. Бо мақсади тавсеа ва рушди робитаҳо Тоҷикистон ва Молдова моҳи марти соли 2023 дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории ду кишвар машваратҳои байниидоравии сиёсӣ ва ташхиси заминаи ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Молдова дар моҳҳои январ-декабри соли 2024, 809,2 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил дод.
Унсури муҳими ҳамоҳангсозии рушди ҳамкорӣ Тоҷикистон ва Молдова Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба ҳисоб меравад, ки соли 2004 таъсис ёфтааст. То ба имрӯз чаҳор маротиба ҷаласаи Комиссия баргузор шудааст, бори охир моҳи апрели соли 2023 дар шакли видеоконфронс доир гардида, дар доираи он масъалаҳои вазъи кунунии ҳамкорӣ, инчунин дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
13 ноябри соли 2024 вохӯрии роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Молдова дар шакли маҷозӣ доир гардид, ки дар рафти он масъалаи баргузории намоишгоҳҳои дуҷониба баррасӣ шуд.
Муносибатҳо бо Ҷумҳурии Молдова дар мавқеи назидики ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муайяни байналмилаӣ асос ёфта, дастгирии ташаббусҳои ҳамдигар дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба назар мерасад.
09.04.2025