20-21 декабри соли 2023 дар шаҳри бостонии Хуҷанд давраи омӯзишӣ таҳти унвони “Таҷдиди Феҳристи муқаддамотӣ ва арзёбии вазъи нигаҳдории ёдгориҳо бо истифода аз тарзу усулҳои пешрафтаи ҳуҷҷатикунонӣ” дар асоси лоиҳаи “Барномаи иштироки ЮНЕСКО” баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории давраи омӯзишии мазкур бознигарии ёдгориҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО қарор доранд ва арзёбии вазъи онҳо, инчунин таҳкими иқтидори институтсионалии кишвар дар самти ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи коршиносону мутахассиони маҳаллӣ нисбат ба абзорҳои дар конвенсияи дахлдори ЮНЕСКО пешбинишуда мебошад.
Дар чорабинии мазкур 20 коршиноси маҳаллӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳаи фарҳанг ва осорхонаҳои ва шаҳру навоҳии вилояти Суғд иштирок дорад.
Бо мақсади дар сатҳи шоиста гузаронидани чорабинӣ мутахассисони баландихтисос аз Институти байналмилалии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (ш.Самарқанд) ва коршиносони маҳаллӣ ҷалб шудаанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan