17-23 декабри соли 2023 дар шаҳри Пекин таҳти ҳамраисии Тоҷикистону Чин ҷаласаи 45-уми Гурӯҳи муштараки назоратӣ, ки тибқи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳадӣ аз соли 1996 ва Созишнома дар бораи ба таври муштарак ихтисор намудани қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 таъсис дода шудааст, баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар заминаи ҳусни тафоҳум омодагиро барои идомаи ҳамкории судманд ва таҳкими эътимод дар соҳаи ҳарбӣ дар навоҳии сарҳадӣ иброз намуданд.
Ҳамчунин, дар доираи ҷаласаи 45-уми Гурӯҳи муштараки назоратӣ таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Тарафи муштарак доир шуд.
Аз натиҷаи ҷаласаҳо протоколҳои дахлдор ба имзо расиданд.
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи муштараки назоратӣ тибқи мувофиқаи ҷонибҳо дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan