10 январи соли 2024 вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳакан Фидан, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо, дар робита ба ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, таъмини амният, мубориза бо терроризм ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳо табодули афкор намуданд.
Ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Пас аз мулоқотҳои дуҷониба вазирони корҳои хориҷӣ Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркияро барои солҳои 2024-2026 ба имзо расониданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan