12 январи соли 2024 дар Вазорати корҳои хориҷӣ таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи навбатии Раёсати Комиссияи миллӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Комиссия дар соли 2023 шунида шуд ва Нақшаи корӣ барои соли 2024 баррасӣ гардид. Зимни ҷаласа инчунин оид ба масъалаҳои фаъолияти Комиссияи миллӣ намояндагони вазорату идораҳои кишвар суханронӣ намуданд.