Робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 8 апрели соли 1992 барқарор гардидаанд.
Асоси рушди муносибатҳои дуҷониба Протоколи таъсиси робитаҳои дипломатӣ байни ду давлат мебошад, ки 8 апрели соли 1992 ба имзо расидааст.
Дар моҳи декабри соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия кушода шуд.
Консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск фаъолият мекунанд.
Аз 1 декабри соли 2021 Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия мебошад.
Аз моҳи майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе Сафорати Федератсияи Русия фаъолият мекунад. Дар соли 1994 дар шаҳри Хуҷанд Консулгарии генералии Федератсияи Русия кушода шуд.
Аз 16 августи соли 2022 Семён Вячеславович Григорев Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз соли 1992 байни Тоҷикистон ва Русия зиёда аз 320 созишномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд, ки ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ-техникӣ, фарҳангӣ-инсонӣ ва дигар самтҳо танзим мекунанд.
Ҳуҷҷатҳои асосии ҳамкорӣ ин Созишнома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобила (аз 25 майи соли 1993) ва Созишнома дар бораи ҳамкории иттифоқчигӣ, ки ба асри XXI нигаронида шудааст (аз 16 апрели соли 1999), мебошанд.
Муносибатҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланди давлатӣ мунтазам рушд меёбанд.
Тоҷикистон ва Русия робитаҳои сиёсиро дар сатҳи олӣ ва баланд пайваста нигоҳ медоранд. Дар соли 2024 мулоқотҳо ва гуфтугӯҳои телефонӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия баргузор гардиданд, ки дар ҷараёни онҳо масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, амният ва муҳоҷирати меҳнатӣ муҳокима шуданд.
Ба ҳамкории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории фаромиллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Масъалаҳои муҳоҷират дар мулоқотҳои Президенти Тоҷикистон бо вазири корҳои дохилии Русия ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамкорӣ бо минтақаҳои Русия фаъол гашта, ба рушди савдо, сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои саноатӣ мусоидат мекунад. Имрӯз 83 субъекти Федератсияи Русия бо Тоҷикистон ҳамкориҳои мустақими иқтисодӣ ва тиҷоратӣ доранд.
Ҳамкории байнипарлумонӣ мустаҳкам мешавад ва ба таҳкими шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Русия мусоидат мекунад. Аз соли 2006 дар назди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ бо Шӯрои Федератсияи Русия фаъолият дорад, ки ҷаласаҳои он ду маротиба дар як сол баргузор мегарданд. Дар соли 2024 ҷаласаи 13-уми Комиссияи байнипарлумонӣ дар формати видеоконфронс баргузор шуд, инчунин як қатор мулоқотҳо дар сатҳи баланд, аз ҷумла музокироти Раиси палатаи болоии Парламенти Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Русия ва Раиси Думаи Давлатии Федератсияи Русия баргузор гардиданд, ки дар онҳо масъалаҳои амиқсозӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фарҳангӣ-инсонӣ баррасӣ шуданд.
Русия яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар давраи январ-октябри соли 2024 гардиши мол байни ду кишвар 19,8% афзоиш ёфта, ба 1,618 миллиард доллари ШМА расид. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 300 корхонаҳои муштарак бо сармояи Русия фаъолият доранд ва корҳо оид ба густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ идома доранд.
Нақши калидӣ дар рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ ба Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия рост меояд. Дар доираи ин Комиссия созишномаҳо оид ба ҳамкории иқтисодӣ то соли 2027 ба имзо расидаанд, ки лоиҳаҳоро дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат, маориф ва фарҳанг дар бар мегиранд.
Робитаҳои доимӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ба роҳ монда шудаанд, ки машваратҳои мунтазам ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо оид ба масъалаҳои байналмилалиро дар бар мегирад. Дар соли 2024 музокирот дар сатҳи вазирон ва муовинони вазирони корҳои хориҷӣ баргузор шуданд, ки дар онҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф дар асоси як қатор созишномаҳои ҳукуматӣ ва идоравӣ танзим мешавад. Ҳамасола ҷониби Русия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия квота ҷудо мекунад. Дар Тоҷикистон лоиҳаи иштироки омӯзгорони рус барои таълими фанҳо ба забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ амалӣ мешавад.
Риштаҳои фарҳангӣ тавассути баргузории рӯзҳои фарҳанг ва намоишгоҳ-ярмаркаҳо сол аз сол мустаҳкам мегарданд.
Ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ дар доираи Барномаи муосиргардонии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон ҳамчун омили муҳими субот дар минтақа боқӣ монда, ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар доираи созмонҳои бисёрҷониба идома дорад.
Тоҷикистон ва Русия дар майдони байналмилалӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд, пеш аз ҳама дар чаҳорчӯбаи СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА ва МҲТБО.
09.04.2025