26 феврали соли 2024 дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин зери раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти дуюми байниидоравии давлатҳои аъзои СҲШ оид ба масъалаи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе ҳамчун ниҳоди алоҳидаи доимамалкунанда баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ доир ба шароити фаъолияти ниҳоди нави доимамалкунандаи СҲШ, ки зарфият ва талошҳои миллӣ дар самти муқовимат бо таҳдиди маводи мухаддирро пурра мекунад, мубодилаи афкор идома дода шуд.
Дар натиҷаи машварат, ки дар фазои созандагию ҳусни тафоҳум доир гардид, Протокол ба имзо расид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan