Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон

09.06.2021 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор шуданд.

Июни соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд ва майи соли 1998 Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ кардаанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз (аз соли 2021).

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шоисматов Эргаш Рахматуллаевич (аз соли 2018). 

Айни замон заминаи шартномавию ҳуқуқии ду кишварро беш аз 200 созишнома ва шартнома дар бар мегирад, ки дар сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд. Поягузори онҳо Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июни соли 2000 ва Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 августи соли 2018, Эъломия оид ба таҳкими дустии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 июни соли 2022 ва Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон  аз 18 апрели соли 2024 мебошанд.

Аз замони барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ ҳафт сафарҳои мутақобилаи Сарони давлатҳо сурат гирифтааст (январи соли 1998, июни соли 2000, марти соли 2018, августи соли 2018–2021, июни соли 2022 ва апрели соли 2024).

Таҳаввулоти дар соли 2018 дар муносибатҳои ду кишвар рухдода ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нав бароварданд.

9-10 марти соли 2018 нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он тақрибан ҳамаи масъалаҳои ҳалталаби муносибатҳои дуҷониба ҳаллуфасл шуданд. Ҷонибҳо тамоми масъалаҳои сарҳадиро бартараф намуданд, ба тавофуқ расиданд, ки низоми раводидро барои сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар ба муддати то 30 рӯз бекор кунанд. Ҳамзамон фаъолияти комили гузаргоҳҳои сарҳадии давлатӣ дар марзи байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин робитаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионии дуҷониба, аз ҷумла дар қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузангро барқарор карда шуданд.

17-18 августи соли 2018 сафари давлатии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид ва он тавофуқоти қаблан ҳосилшударо устувортар намуд. Дар рафти сафари мазкур Созишномаи шарокати роҳбурдӣ ба имзо расид, ки он дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нави ҳамкорӣ баровард.

Дар чаҳорчӯби ду сафари таърихӣ - сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-10 марти соли 2018) ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон (16-17 августи соли 2018) ҳамагӣ 53 санади дуҷониба ба имзо расид.

Ҳамзамон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10-11 июни соли 2021 сурат гирифт, барои таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба ва шарикии стратегии байни ду давлат аҳамияти хоса дорад. Дар ҳошияи ин сафар сарони давлатҳо дар рӯҳияи анъанавии ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ошкобаёни гуфтушунидҳои муфассал анҷом дода, вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро муҳокима карданд ва оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Дар маҷмӯъ дар ҷараёни сафари расмӣ 36 санад ба имзо расонида шуд.

2-3 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари ҷавобӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд. Дар доираи сафари мазкур        15 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид. 

18-19 апрели соли 2024 сафари давлатии Презитденти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, зимни он 28 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд. 

Густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ самти авлавиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон боқӣ мемонад.

Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар моҳҳои январ-ноябри соли 2024 беш аз 531,8 млн. доллари ШМА-ро ташкил дод. Дар соли 2023 нишондиҳандаи гардиши мол ба 504.3 млн. дорллари ШМА баробар шуд.

Масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин масъалаҳои фарҳангию гуманитарӣ дар чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки соли 2002 таъсис ёфтааст, баррасӣ мешаванд.

Аз соли 2002 инҷониб 11 ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардидааст, ки охирини он 12 марти соли 2024 дар Душанбе доир гардида буд.

Воситаи самараноки пешбурди молҳои ҳарду кишвар баргузории намоишгоҳҳо-ярмаркаҳо мебошад.

18 апрели соли 2024 дар доираи сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар доираи он ҷаласаи навбатии Шурои корӣ баргузор гардид. Дар кори форум 500 намояндаи доираҳои тиҷоратӣ иштирок карданд ва қайд карда шуд, ки дар қаламрави ду кишвар зиёда аз 370 корхонаи муштарак фаъолият мекунад.

Ҷонибҳо густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ, инчунин таҳкими табодули дӯстона байни воситаҳои ахбори омма, муассисаҳои илмӣ, ҷамъиятҳои дӯстӣ, коллективҳои бадеӣ ва театрӣ идома медиҳанд.

 Воқеаи муҳими фарҳангии соли 2017 баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон буд. Моҳи ноябри соли 2019 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва ноҳияи Данғара бомуваффақият гузаштанд.

Аз 13 то 15 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми якуми ректорҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар натиҷаи он тақрибан 30 санади ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба имзо расид.

Аз 15 то 16 апрели соли 2024 дар Шаҳри Самарқанд Форуми дуюми ректорҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

18 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон бо иштироки ҳайатҳои эҷодии ду кишвар баргузор гардид. 

Ҳукуматҳои ду кишвар ҳамкориро дар соҳаи матбуоти даврӣ ва нашри китобҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ идома медиҳанд.

Таҳкими минбаъдаи робитаҳои байниминтақавии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аҳамияти калидӣ дорад.

Ҳамкории байниминтақавӣ байни вилоятҳои Суғд ва Хатлони Тоҷикистон бо вилоятҳои Самарқанд ва Сурхондарёи Ӯзбекистон мусбат рушд мекунад.

Моҳи июни соли 2021 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин Форуми байниминтақавии сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар доираи он масъалаҳои татбиқи ташаббусҳои муштарак, ба роҳ мондани робитаҳои кооперативӣ, гузаронидани миссияҳои мутақобилаи тиҷоратӣ ва барқарор намудани робитаҳои бародарӣ баррасӣ гардиданд.

18 апрели соли 2024 дар доираи сафари сатҳи олӣ ба Тоҷикистон байни вилояти Суғд ва вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Сирдарё, Фарғона ва Хоразми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин байни вилояти Хатлон ва вилояти Қашқадарё созишномаҳо ва харитаҳои роҳ оид ба ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ - СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СҲИ ва МҲТБО ҳамкории муваффақ доранд ва мавқеъҳои худро мунтазам ҳамоҳанг менамоянд.

14.04.2025

 

 

Нигористон

Тақвим