Мулоқот бо Президенти Бонки рушди исломӣ

06.03.2024 16:36

06.03.2024.16.34.jpg

6 марти соли 2024 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Бонки рушди исломӣ (БИР) доктор Муҳаммад Ал-Ҷосир мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди исломӣ аз ҷумла, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои рушди зерсохтор, тандурустӣ, энергетика, маориф, амнияти ғизоӣ ва дастгирии бахши хусусӣ баррасӣ шуд.

Зимни мулоқот вазири корҳои хориҷӣ даъватномаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро ба Президенти Бонки рушди исломӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018 – 2028”, ки 10-13 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, тақдим кард.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим