7 марти соли 2024 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи модар ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид.
Роҳбари мақоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии табрикӣ таъкид кард, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2009 ба ин ҷашни муборак шукӯҳу шаҳомати тоза бахшиданду онро Рӯзи Модар эълон карданд ва аз он пас, 8-уми март дар Тоҷикистон маънову ҳикмате фаротар аз як ҷашнро гирифту ба муқаддасоти ҳар як фарду хонаводаи ҳаммеҳанони мо табдил ёфт, ки бидуни баҳс, дар тарбияи ҷомеа нақши муассир мебозад.
Зимнан изҳор гардид, ки саҳми бонувони тоҷик дар рушду шукуфоии Ватани азизамон бисёр муҳим ва бузург буда, махсусан дар низоми роҳбарикунанда ва бахшҳои сиёсиву иҷтимоии ҳузури фаъоли онҳо эҳсос мешавад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan