Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ 

23.03.2024 13:11

23.03.2024.13.31.jpg

22 марти соли 2024 дар ҳошияи чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об 2024: муттаҳид сохтани талошҳо, нигоҳ доштани суръати пешравиҳо” дар Ню-Йорк мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (МУСММ) Деннис Фрэнсис баргузор гашт.

Дар ҷараёни дидор ҳамсуҳбатон ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳидро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи авлавиятҳои асосии раиси МУСММ, масоили марбут ба обу иқлим, амнияти байналмилалӣ ва чорабиниҳои сатҳи баланди дарпешистода табодули афкор намуданд.

Масъалаи баргузории 3-юмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (10-13 июни 2024, Душанбе), ҳамчунин дар меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо қарор доштанд. Инчунин, вазири корҳои хориҷӣ аз ҷаноби Деннис Фрэнсис барои ширкат дар 3-юмин Конфронси оби Душанбе даъват ба амал овард.

Раиси иҷлосияи 78-уми МУСММ саҳми кишварро дар пешбарии масъалаҳои марбут ба об баланд арзёбӣ намуда, миннатдории хешро барои баргузории ҷорабинии мазкур ва даъват барои иштирок дар Конфронси оби Душанбе баён кард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим