3 апрели соли 2024 мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария - Шараф Шерализода бо директори генералии Иттиҳоди байналмилалии алоқа – хонум Дорин Богдан Мартин баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ, инноватсия, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ ва дигар самтҳои рушдро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan