Сафари кории сафири Тоҷикистон ба бародаршаҳри Душанбе - Ройтлинген

12.04.2024 11:40

8 апрели соли 2024 сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов дар доираи сафари корӣ ба Ройтлинген – бародаршаҳри Душанбе бо шаҳрдори (Oberbürgermeister) он Томас Кек мулоқот анҷом дод.

Дар оғози суҳбат сафир паёми Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалиро ба Томас Кек расонид.

Сипас дар атрофи тақвияти ҳамкориҳои минбаъда миёни бародаршаҳрҳо дар бахшҳои иқтисод, илму фарҳанг, маориф, муҳоҷират, сайёҳӣ, инчунин танзими чорабиниҳои муштараки варзишиву фарҳангӣ дар Душанбе ва мутаносибан дар Ройтлинген табодули афкори созанда сурат гирифт.

Зимни вохӯрӣ бо мудири иҷроияи Палатаи саноат ва савдои минтақаҳои Ройтлинген, Тюбинген ва Тсоллерналб (IHK) Волфганг Епп ба рушди ҳамкориҳо миёни бахшҳои хусусиву давлатӣ, ҷалби сармоя, танзими ҳамоишҳои иқтисодӣ, роҳандозии робитаҳои мустақим байни соҳибкорони Душанбе ва Ройтлинген тамаркуз карда шуд.

Ҳамзамон, дар мулоқоти дигар бо президенти Донишгоҳи Ройтлинген профессор, доктор Ҳендрик Брумме роҷеъ ба ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, барқарорсозии робитаҳои байнидонишгоҳӣ, табодули донишҷӯён ва имконияти таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муассисаи илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим