Маълумот оид ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ИДМ

01.03.2013 10:10

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд – ИДМ, Иттиҳод) моҳи декабри соли 1991 бо мақсади расонидани мусоидат ба раванди ҳалли масъалаҳои муҳимтарин дар марҳилаи ташаккули давлатҳои мустақил ва нигоҳ доштани робитаҳои таърихии собиқ давлатҳои шӯравӣ таъсис дода шуд. Дар ҳолати кунунӣ ИДМ ҳамчун яке аз абзорҳои асосӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо байни иштирокчиёни он дар масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ фаъолият мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои иштирокдори ИДМ аҳамияти вежа медиҳад. Имрӯз Тоҷикистон аъзои 7 мақомоти оинномавии Иттиҳод (Шурои сарони давлатҳо, Шурои сарони ҳукуматҳо, Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои иқтисодӣ, Шурои ҳамоҳангсози фармондеҳони қушунҳои сарҳадӣ, Ассамблеяи байнипарлумонӣ ва Суди иқтисодӣ) буда, дар фаъолияти беш аз 80 сохторҳои соҳавии он фаъолона ширкат меварзад.

Дар тули таърихи 34-солаи Иттиҳод, аз тарафи мақомоти олии он беш аз 2807 қарор қабул гардидааст.

Раёсат дар Иттиҳод бо тартиби алифбои забони русӣ аз як давлат ба давлати дигар гузашта, дар тули як сол амал мекунад. Дар ин ҷода, шаҳри Душанбе мунтазам мизбони ҷаласаҳои мақомоти олии низомномавии давлатҳои ИДМ мегардад. Аз ҷумла дар давраи сипаришуда дар Тоҷикистон 3 ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ баргузор гашта, дар рафти онҳо санадҳои барои фаъолияти созмон муҳим қабул карда шуданд.

5 октябри соли 2007 дар ҷаласаи Душанбе як қатор санадҳо, аз ҷумла Консепсияи рушди ояндаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2020 ва Нақшаи чорабиниҳои асосӣ барои амалисозии он қабул гардиданд.

2-3 сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии таъсисёбии ИДМ изҳороти Сарони давлатҳо қабул гардида, маърӯзаи таҳлилии “Ҷамъбасти фаъолияти ИДМ дар 20 сол ва вазифаҳо барои оянда” ва Барномаи байнидавлатии “Пойтахти фарҳангии Иттиҳод” муҳокима карда шуданд.

28 сентябри соли 2018 дар зимни ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳо пойтахти кишварамон масъалаҳои ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳод, аз ҷумла таъмини амният ва андешидани тадбирҳои фаврӣ бо мақсади мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосири глобалӣ, терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва паҳншавии ғайриқонунии аслиҳа, ҳалли мушкилоти марбут ба таъмини амният дар самти ҷанубии Иттиҳод ва дигар мавзуъҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ шуда, барномаҳову нақшаҳо чорабиниҳои дахлдор вобаста ба мавзуъҳои муҳокимагардида қабул карда шуданд.

Давраи навбатии раёсати кишварамон дар ИДМ мутобиқ ба Қарори Шурои сарони давлатҳои Иттиҳод “Дар бораи раёсат дар ИДМ дар соли 2024”, ки 13 октябри соли 2023 дар шаҳри Бишкек қабул гардид, дар соли 2025 пешбинӣ шудааст.

Нақши муҳимро дар ҳамшарикии гуногунҷанбаи давлатҳои ИДМ, ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ мебозад. Тоҷикистон яке аз иштирокдорони фаъол дар соҳаи ҳамкории гуманитарии давлатҳои иштирокдори ИДМ мебошад. Маҳз дар шаҳри Душанбе, моҳи майи соли 2006 бо қарори дахлдори Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳод Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ (минбаъд – ББҲГ, Бунёд) таъсис ёфт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусгари пешниҳод ҷиҳати эълон намудани соли 2008 ҳамчун Соли хониш ва адабиёт дар ИДМ мебошад.

Бо дастгирии ББҲГ дар доираи ҷашнвораи 1150-солагии асосгузори адабиёти тоҷик Абӯабдуллоҳи Рудакӣ, асарҳои безаволи ӯ бо се забон нашр ва дар китобхонаҳои давлатҳои ИДМ тақсим гардид. Ғайр аз ин, китобҳои дарсии забони русӣ барои мактаббачагони давлатҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба табъ расид. Бунёд ду ҷилди силсилаи “Адабиёти классикии ИДМ”-ро дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр кард.

Шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» солҳои 2021 ва 2015 мутаносибан мақоми Пойтахти фарҳангии ИДМ-ро касб намуда, мизбони як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ, конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ гардиданд.

Тоҷикистон дар доираи созмони минтақавии ИДМ, ба таҳкими муносибатҳои ҳамҷаворӣ байни давлатҳои иштирокдор аҳамияти хосса дода, манфиатдори рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ-иҷтимоии байни кишварҳои Иттиҳод мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 раёсатро дар ИДМ ба уҳда дорад. Тайи давраи раисӣ баргузории як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла Шурои сарони ҳукуматҳо, (моҳи июн), инчунин ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷӣ ва сарони давлатҳои ИДМ дар даҳҳаи аввали моҳи октябри соли ҷорӣ дар ш.Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ шудааст.

18.04.2025


Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)

Нигористон

Тақвим