Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия

12.04.2024 16:46

12.04.2024.17.10.jpg

12 апрели соли 2024 дар шаҳри Минск миёни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия мулоқот доир шуд.

Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар аснои сӯҳбат Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки амалҳои террористӣ новобаста аз ҳадафҳои худ, наметавонад ва набояд ба ягон миллату қавме нисбат дода шавад .

Қайд гардид, ки сиёсатмадорону ходимони ҷамъиятӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Русия ва Тоҷикистон ӯҳдадоранд, ки нисбат ба ин масъалаҳо рӯйкарди бомасъулиятона дошта бошанд.

С.Лавров бо ибрози ҳусни тафоҳум ба мавқеи С.Муҳриддин қайд кард, ки ақидаҳои болозикрро ҷонибдор аст.

Вазири корҳои хориҷии Русия омодагии кишварашро  ҷиҳати такмили минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар самти муҳоҷират ва дигар бахшҳо изҳор дошт.

Сӯҳбат дар фазои ҳусни созандагӣ доир шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим