Машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Русия

25.04.2024 15:44

25.04.2024.15.42.jpeg

24 апрели соли 2024 дар шаҳри Москва машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гаштанд. Ҳайатҳои ҷонибҳо дар нишасти мазкур таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва Русия Михаил Галузин ширкат варзиданд.

Зимни машваратҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд. Инчунин атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ табодули афкор анҷом дода шуд.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим