Посухи намояндаи ВКХ-и Тоҷикистон ба суоли ВАО дар бораи ҳолати кунунӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Москва

28.04.2024 15:21

Вазъияти вобаста бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳҳои Москва дармондаанд, мушкил боқӣ мемонад.

То охири рӯзи 27 апрел дар минтақаи нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони Фурудгоҳи байналмилалии Внуковои пойтахти Русия 954 шаҳрванди Тоҷикистон бидуни таъмини шароити муносиби санитарӣ қарор доранд. Дар байни шаҳрвандони дармонда донишҷӯёни тоҷик ҳастанд, ки дар қаламрави Русия аз ҳисоби квотаҳои таълимии Ҳукумати Федератсияи Русия таҳсил мекунанд.

Аз шумораи умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Внуково дармондаанд, пас аз соатҳои зиёди интизорӣ 322 нафарро ба қаламрави Русия роҳ додаанд. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи мавҷуда, мақомоти Русия ният доранд, ки 306 нафарро ба истилоҳ ба “рӯйхати хориҷшудагон” ворид кунанд. Шумораи бевоситаи онҳое, ки аллакай ихроҷ шудаанд, 27 нафарро ташкил медиҳад. Чунин чораҳои маҳдудкунанда танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешаванд.

Дар фурудгоҳҳои Жуковский, Домодедово ва Шереметевои пойтахти Русия низ вазъияти мураккаб мушоҳида мешавад, ки даҳҳо тоҷикистонӣ дар минтақаҳои нигоҳдории шаҳрвандон бе шароити зарурӣ қарор доранд.

Азбаски шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон бо миқдори кофии ғизои гарм таъмин нестанд, аз ҷониби дипломатҳои тоҷик дар ҳамкорӣ бо намояндагони диаспора ба фурудгоҳи Внуково хӯрок расонида мешавад.

Илова бар ин, ба мақсади расондани кумаки зарурӣ ба ҳамватанон дар маҳал намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Москва ситоди фаврии шабонарӯзӣ таъсис додааст.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим