Машваратҳо оид ба масъалаҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон

02.05.2024 20:05

2 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе даври сеюми машваратҳо оид ба масъалаҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Баҳодур ва ҳайати Ҷумҳурии Озарбойҷонро сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Эмил Сафаров роҳбарӣ намуданд.

Ҷонибҳо баргузории машваратҳои дуҷонибаи консулиро муҳим арзёбӣ намуданд. Зимни ин машваратҳо, ки дар фазои муколамаи созанда ва ҳамкории дӯстона сурат гирифт, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи консулиро муфассал баррасӣ намуданд.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим