Вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷӣ бо вакилони Бундестаги Олмон

04.05.2024 18:02

4 майи соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо роҳбари дӯстии байнипарлумонии “Олмон ва Осиёи Марказӣ” Манфред Грунд  ва вакилони Бундестаги Олмон мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмонро баррасӣ намуда, рағбати худро барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои афзалиятнок изҳор доштанд.

Ҷонибҳо инчунин оид ба таҳдиду чолишҳои мавҷуда мубодилаи афкор намуда, саҳми робитаҳои байнипарлумонӣ, фарҳангӣ ва илмӣ-академиро дар густариши ҳамкориҳо муҳим арзёбӣ намуданд. 

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим