7 майи соли 2024 дар шаҳри Теҳрон муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода дар доираи сафари корӣ бо муовини вазир, раиси Маркази мутолиоти роҳбурдӣ ва сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Шайхулисломӣ мулоқот анҷом дод.
Зимни он ҷонибҳо роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳо байни марказҳои таҳқиқотии вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар самти баргузории давраҳои омузишӣ барои дипломатҳои ҷавон, ташкили нишастҳои илмиву назариявӣ ва анҷоми таҳқиқотҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Худи ҳамон рӯз муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Шарифзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадалӣ Фатҳалӣ низ мулоқот кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan