Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой

01.03.2013 10:10

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарқ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамсарҳад мебошад.

Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистону Хитой 494,4 км-ро ташкил карда, аз ҳудуди қаторкӯҳҳои Помир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегузарад.

Масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Хитой ҳалли худро ёфтааст.

Ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соҳаи сарҳадӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалии асосии зерин ба роҳ монда шудааст:

- Созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба сарҳади давлатӣ аз 13.08.1999 ва аз 17.05.2002;

- Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба демаркатсияи сарҳади давлатӣ аз 27.04.2010;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба низоми сарҳади давлатӣ аз 05.06.2012;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатӣ ва реҷаи кори онҳо аз 29.12.2011.

Дар сарҳади Тоҷикистону Хитой як  гузаргоҳи сарҳадӣ қарор дорад:

 

 

Гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Минтақаи ҷойгиршавӣ

 

Мақоми гузаргоҳи сарҳади давлатӣ

 

1

Кулма

автомобилгард

ноҳияи Мурғоб,

ВМКБ

 

байналмилалӣ

 

Нигористон

Тақвим