Мулоқот бо директори иҷроияи “Дипло”

17.05.2024 18:10

17.05.2024.18.09.jpeg

15 майи соли 2024 вохӯрии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо директори иҷроияи “Дипло” Йован Курбалия баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳоро вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо “Фонди Дипло” ҷиҳати омода намудан ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар самтҳои инноватсия, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ, рушди зеҳни сунъӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маълумот: "Diplo" созмони ғайритиҷоратии байналмилалӣ буда, соли 2002 аз ҷониби ҳукуматҳои Малта ва Швейтсария таъсис ёфтааст ва ба рушди иқтидор ва тадқиқот дар соҳаҳои дипломатияи рақамӣ, идоракунии интернет ва сиёсати технологӣ тахассус дорад.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим