17 майи соли 2024 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо раиси Шурои миллии (палатаи поёни парлумон) Конфедератсияи Швейтсария Эрик Нусбаумер баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳоро вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Швейтсария дар самтҳои тағйирёбии иқлим, обу энергетика, иқтисоди сабз ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan