21 майи соли 2024 дар шаҳри Остона бо ташаббуси ҷониби Русия вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров мулоқот кард.
Вазирон маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои ду кишварро бо тамаркуз ба татбиқи мувофиқаҳои 9 майи соли 2024 миёни сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия бадастомада мавриди муҳокима қарор доданд.
Табодули афкор атрофи масоили фаъолияти меҳнатии муваққатии шаҳрвандон ва омодагӣ ба музокироти дуюми байниидоравии Тоҷикистону Русия, ки қарор аст 28 майи соли ҷорӣ дар Душанбе доир шавад, сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan